Муборизаи муштараки АНМН бо ХМ бар зидди вабои аср

Апрель 17, 2015 10:05

Душанбе, 17.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-16-уми апрели соли 2015 дар Хадамоти муҳоҷират дар доираи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ доир гардид. Нозири шуъбаи муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии мазкур Озода Абдуллоева дар бораи иҷрои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ёддовар шуда, сабабҳои зиёд шудани ҷиноятҳо ва иқдомоти саривақтии муштараки вазорату идораҳоро хостор шуд.
Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7000 ҳазор нашъаманд вуҷуд дошта, дар муқоиса бо соли 2013 сатҳи бақайдгирии онҳо дар соли 2014 зиёд шудааст. Аз 19 352 ҷинояте, ки дар соли 2014 ба қайд гирифта шудааст, 933 ҳолати ҷинояти он аз ҳисоби маводи мухаддир аст.
Дар давоми соли 2014 6 тонна маводи мухаддир дар ҳудуди чумҳурӣ дарёфт ва мусодира шудааст.
Паймон ва аҳдномаҳои гуногун, аз қабили НАТО, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС), АвруОсиё ва ғайра ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии худро доранд.
Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиноятҳои иқтисодӣ, терроризм ва экстремизм боиси изтироб ва таваҷҷуҳи хос мебошанд.
Ҷинояткории фаромиллӣ ҳамчун маҷмӯи ҷиноятҳои муташаккил, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстремизм, паҳн намудани маводи маҳрамона, одамрабоӣ ва амсоли инро дарбар гирифта, ба пешрафти на танҳо давлати алоҳида, балки кулли давлатҳо таҳдид менамоянд.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин ҷиҳати бурдани муборизаи беамон бо ин вабои аср, тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолии кишвар, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир таъкид намуд.
 
 

Апрель 17, 2015 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт