Муборизаи Тоҷикистону Чин зидди ситезаҷӯӣ идома дорад
Душанбе, 21.04.2015.(АМИТ “ Ховар”, Муқаддас Темурзода).- 20 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки роҳбарии онро сардори раёсати вазорати мазкур Лю Шаоу ба ӯҳда дорад, баргузор гардид. Назар ба хабари ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимзода барои ҳамкории мутақобилан муфид ва ба ВКД ҶТ расонидани ёрии техникию моддӣ изҳори миннатдорӣ кард. Зикр шуд, ки ҳамкории ҳарду вазорат дар сатҳи баланд қарор дошта, фаъолияти байни вазоратҳо ба Созишномаи ҳамкори миёни Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии ҶМЧ, ки 27 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, истинод мекунад. Ҷонибҳо масоили марбут ба мубориза бо ситезаҷӯӣ ва хавфу хатар, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима намуданд. Дар анҷоми мулоқот зикр шуд, ки мубориза бо ситезаҷӯӣ ва хавфу хатар бидуни ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон имконнопазир аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






