Мукофотҳои пулӣ насиби хориҷиҳо гардиданд
Душанбе, 20.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Ду варзишгари Русия -Юрий Чечун /Самара/ ва Юлия Чиженко /Санкт-Петербург/ дар шашумин ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан ғолиби зинаи аввали мусобиқот гардида, шаҳрдории Душанбе ба ҳар кадоме аз варзишгарон дар маросими тантанавӣ 3 ҳазору 500 $ тақдим намуд.
Ҷойҳои дуюми мусобиқотро ду варзишгари тошкандӣ -Андрей Петров ва Марина Химелевская касб намуда, ҳар ду сазовори 3000 $ гардиданд.
Самуэл Вайтака- варзишгари кениёӣ ва Гулжанат Жаннатбек, варзишгар аз Қазоқистон ҳар ду зинаи сеюми мусобиқотро фатҳ намуда, 2500 $ мукофот гирифтанд.
Ҷойҳои чорум- насиби Степан Киселев, варзишгар аз Қазон ва Катя Фатеева аз Челябинск гардида, ба ҳар кадоме 2000 $ супорида шуд.
Ба Муго Энтонии кениёӣ ва Ираида Александроваи рус /Қазон/ мушарраф гардид, ки зинаи панҷуми мусобиқотро фатҳ намуда, соҳиби 1800 $ гарданд. Зинаи шашуми мусобиқот насиби Иля Пяткин аз Қирғизистон ва варзишгари эронӣ Зайнаб Мансурӣ /Шероз/ гардида, ба ҳар кадоме дар маросими тантанавӣ 1500 $ тақдим шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ниммарафони байналмилалӣ, ки ҳамасола ба ифтихори Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад, дар радифи варзишгарони ватанӣ, инчунин варзишгарони хориҷӣ ширкат менамоянд. Ҳадафи баргузории ин мусобиқот рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳикими дӯстиву рафоқат арзёбӣ мегардад. Мутаассифона, дар ин мусобиқот ягон нафар аз варзишгарони тоҷик ғолиб набаромад ва мукофотҳои пулӣ насиби варзишгарони хориҷӣ гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






