Мулоқот бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан
Душанбе, 30.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йорданро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноат карда, аз ҷумла чунин гуфт: “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба он таваҷҷуҳи махсус дорем”.Намояндагии ягона доштани Тоҷикистону Швейтсария дар Шӯроҳои Директорони иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор нишонаи возеҳи ҳамшарикии судбахш номида шуд.Ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ низ баҳои баланд дода шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба 480 миллион доллари амрикоӣ расид ва ин нисбат ба соли 2013 5,8 баробар зиёд аст.Ҳамчунин ба саҳми Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки ба таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд, баҳои баланд дода шуд.Ҳамзамон таъкид гардид, ки имконоти истифоданашуда барои густариши бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳанӯз хеле зиёд аст.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахш, аз ҷумла дар самти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунии бӯҳронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъкид доштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






