Мулоқоти А. Абдуллозода бо И. Аманлиев
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- 7 апрели соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқулӣ Аманлиев мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон табодули афкор намуданд.
Аҳтам Абдуллозода таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҳамҷавор буда, дар ин самт бо Ҷумҳурии Туркманистон дар ҳамаи ҷабҳаҳо ҳамкории дӯстонаро ба роҳ мондааст.
Ишанқулӣ Аманлиев изҳор намуд, ки барои ҳамкории бештар дар соҳаи сайёҳӣ ва варзиш миёни кишварҳо имкониятҳои фаровон мавҷуданд, ки аз он метавон барои манфиатҳои ҳарду кишвар истифода намуд.
Зимни мулоқот сафир Ишанқулӣ Аманлиев таъкид кард, ки дар Туркманистон Конфронси байналмилалии туристиро ба нақша гирифтаанд, ки намояндагони Тоҷикистон низ имкони иштирок дар ннро доранд.
Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот барои ҳамкории бештар дар бахши ҷавонон низ таъкид карда, гуфт, барои табодули таҷриба ва боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон иштироки ҷавонони ҳар ду кишвар дар конфронсҳои якдигар аз манфиати холӣ нест. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар » Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






