Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Душанбе, 12.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҳошияи форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.Масоили таҳкими ҳамгироӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






