Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ивитса Дачич

Апрель 1, 2015 16:48

 
Душанбе, 1.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), муовини якуми сарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ мешуморем ва ҳамкорӣ бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”. Ҳамчунин ба нақши САҲА дар пешгирӣ аз муноқишаҳо, ҳалли бӯҳронҳо ва барқарорсозии пасазмуноқишавӣ баҳои баланд дода шуд.
Аз ин хотир изҳори бовар карда шуд, ки дар пешгирӣ аз бӯҳронҳо ва бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ нақши САҲА эҳсосшаванда хоҳад буд.
Ба масоили ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.
Масъалаҳои вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербия сурат гирифт.

Апрель 1, 2015 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд