Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров
Душанбе, 2.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Рушди шарикии стратегӣ бо Русия барои Тоҷикистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷӣ барои дарозмуддат аст”.
Доир ба ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии натанҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд.
Чунонки зикр гардид, 4 санади нав миёни ду кишвар омода шудааст, ки бо ба имзо расидани онҳо бисёр мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бартараф мешаванд.
Бо изҳори қаноат аз он, ки наздики 30% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Русия сурат мегирад, ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мушкилоте низ вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли худро мунтазиранд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






