Мулоқоти муовини вазир бо ҳайати Норвегия
Душанбе, 21.04.2015.(АМИТ “Ховар”).- 20 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Шоҳигарии Норвегия, ки роҳбарии онро сафири Норвегия дар Тоҷикистон Оле Йоҳан Бёрна ба ӯҳда дорад,баргузор гардид.
Тавре, ки ВКХ ҶТ хабар медиҳад, ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Норвегия, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳоеро, ки Норвегия дар Тоҷикистон тахсис медиҳад, мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот зарурати истифодаи пурраи имконоти мавҷуда барои рушди ҳамкории дуҷониба, ба вижа дар бахши нерӯи барқ таъкид гардид.
Мусоҳибон ҳамчунин перомуни масоиле, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, аз ҷумла вазъияти Афғонистон. муҳоҷират ва сатҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.
Низомиддин Зоҳидӣ сафири Норвегияро даъват намуд, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯи натиҷаи татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки бояд аз 9 то 11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, ширкат намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






