Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Адам Кобератски
Душанбе, 2.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 1 апрели соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Адам Кобератски баргузор гардид.
Мусоҳибон масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА дар чаҳорчӯби ченакҳои низомӣ — сиёсӣ, иқтисодӣ — муҳитзистӣ ва инсонии Созмон ва дар ин замина раванди татбиқи барномаву лоиҳаҳои САҲА дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни соли равон зимни нишасти навбатии гурӯҳи мақсадноки САҲА бо иштироки намояндагони Котиботи Созмон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳо барои соли 2016 мавриди баррасии фарогир қарор дода хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






