Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Робина Атҳар

Апрель 10, 2015 09:23

Душанбе, 10.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ муовини вазири тиҷорати Ҷумҳурии исломии Покистон Робина Атҳарро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро мавриди табодули назар қарор дода, аҳамияти созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро, ки матни он алҳол дар Душанбе дар доираи ҷаласаи коршиносони се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, барои тақвияти тиҷорат дар минтақа таъкид карданд.
 
Ҷонибҳо манфиатдории худро ба истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати афзоиши ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвари дӯст баён карданд.
 
 

Апрель 10, 2015 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд