Мулоқоти С.Аслов бо Фиристодаи махсуси Швейтсария
Душанбе, 7.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 6 апрели соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об Вилҳелм Майер баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси Базел оид ба идоракунии фарогирандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2014 дар Швейтсария баргузор гардид, муҳокима намуда, инчунин оид ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, маълумот дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






