Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вакили Конгресси ШМА
Душанбе, 16.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 апрели соли 2015 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим бо вакили Палатаи намояндагони Конгресс, аъзои зеркумита оид ба масъалаҳои Аврупо ва Авруосиёи Кумитаи байналмилалии Палатаи намояндагони Конгресс (намояндаи ҳавзаи №8, штати Ню Ҷерси) Албио Сирес барпо гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои лағви иловаи Ҷексон-Веник, вазъи минтақа ва Афғонистон ва таҳкими ҳамкориҳои амнияти сарҳадиро баррасӣ намуданд.
Сафир изҳороти матбуотиро оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, ба Конгрессмен супурд ва аз ӯ ҷиҳати ширкат дар чорабинӣ даъват ба амал овард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






