Мулоқоти Ш. Саид бо Р. Атҳа
Душанбе,13.04.2015( АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих ).- Охири ҳафтаи гузашта раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо муовини вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон Робина Атҳа мулоқот анҷом дод, ки дар он сафири фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Соомро ширкат дошт. Тавре, ки аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни сӯхбати боварибахш, ки дар вазъияти самимонаю дӯстона баргузор гардид, перомуни вазъи имрӯза ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсияҳо, кишоварзӣ ва илму техника табодули судманди афкор баргузор шуд. Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла афзун намудани иқтидори транзитии ҳарду кишвар дар Осиёи Марказӣ бо василаи доир намудани намоишгоҳҳо ва форумҳои аҳли тиҷорат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. — Давлатҳое арзи вуҷуд доранд, ки Тоҷикистон муносибатҳоро бо онҳо арҷ намуда, ба рушду таҳкими собитқадамонаи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷумлаи чунин давлатҳост. Кишварҳои моро умумияти устувори фарҳангию таърихӣ, ҳамчунин имконоти васеи ҳамкории мутақобилаи тиҷоратию иқтисодӣ ба ҳам пайвастаанд, — гуфт Шариф Саид. Ба гуфтаи раиси ПСС ҶТ, рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба нафъи на фақат ду давлати дӯст, балки ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд. Робина Атҳа дар навбати худ изҳор дошт, ки Покистон ҷонибдори рушду густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар амри интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи CASA -1000 мебошад. Мавсуф зикр намуд, ки Покистон омодааст, ки дастрасии Тоҷикистон ба шабакаҳои нақлиётию транзитӣ, аз ҷумла ба роҳҳои тиҷоратии баҳриро осон сохта, ба рафъи монеаҳои тиҷоратию маъмурӣ дар бахши савдо мусоидат кунад. Робина Атҳа раиси ПСС Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар кори форуми байналмилалии тоҷирон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва инвеститсонӣ, ки вақтҳои наздик дар Покистон баргузор мегардад, иштирок намояд








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






