Мулоқоти Шариф Саид бо Тариқ Иқбол Соомро
Душанбе, 09.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Кристина Эрлих ).- 8 апрел раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Соомроро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, мусоҳибон дурнамои ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба рушди он ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Шариф Саид зикр намуд, ки Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Покистони дӯст некбин аст. Аҳду паймоне, ки дар ҷараёни мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Покистон ба даст омад, имзои созишнома дар бораи ҳамкории байни ПСС Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои тиҷоратию саноатии Покистон , ҳамчунин палатаҳои савдо ва саноати шаҳрҳои Лоҳур ва Карочи асоси ҳуқуқии ҳамкорӣ маҳсуб меёбанд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки масъалаи дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи маҳсулоти Покистон баррасӣ шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






