Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Сергей Лавров
Душанбе, 2.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 2 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалиро муҳокима намуда, аҳамияти амалиёти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи ҳарду кишварро дар таъмини амнияту субот дар минтақа таъкид намуданд.
Ҷонибҳо, инчунин аз ҳолати мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуда, таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои фарогири миёни Тоҷикистону Россияро дар ҳамаи самтҳо қайд карданд.
Дар ин ҷода нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия, ки ҷаласаи навбатии он моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуд, махсусан таъкид гардид.
Дар тақвияти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба, ҷонибҳо оид ба роҳҳои ҳалли як қатор масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта ибрози ақида намуданд.
Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқоти мазкур ҷиҳати идомаи раванди мусбии робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Россия такони нав бахшида, муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму густариш мебахшад.
Мулоқот дар фазои гарму созгор доир гардида, дар анҷоми он Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2015 ба имзо расонида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






