Мулоқоти созанда бо донишҷӯён
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- Дирӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва аз наздик ошно гардидан бо мушкилоту муваффақиятҳои ҷавонону занон дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мулоқоти раисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила Аҳтам Абдуллозода ва Махфират Хидирзода бо донишҷӯён доир гардид.
Зимни мулоқот масъулин доир ба масъалаҳои ҳалталаби ҷавонон ва занон изҳори андеша намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, донишу маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии худро баланд бардоранд.
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, ба бегонапарастӣ роҳ надодан ва нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Изҳор шуд, ки баргузории чунин суҳбату мулоқотҳо бо ҷавонони кишвар аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст, зеро ба таъкиди масъулин дар ҳар мулоқот як мушкилии ҷавонон роҳи ҳалли худро меёбад.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни масъулин ва ҷавонон суолу ҷавоб сурат гирифт ва донишҷӯён дархосту пешниҳоди худро ироа намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар » Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






