Мулоқоти вазири ВКХ ҶТ бо сафири Ироқ
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- 28 апрел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов сафири Ироқ дар Тоҷикистон Роҷеҳ ал — Мусавиро ба ҳузур пазируфт.
Назар ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ироқ ва роҳҳои густариши онҳо дар бахшҳои иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг, илм, сайёҳӣ ва соҳаҳои дигаре, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, муҳокима шуданд.
Ҳамчунин перомуни вазъияти Шарқи Наздик ва Миёна, саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини сулҳу суботи минтақаҳои зикршуда, роҳандозии ҳамкории байни ниҳодҳои дахлдори ҳар ду кишвар дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ситезаҳои дигар табодули афкор баргузор шуд.
Сафири Ироқ изҳор дошт, ки кишвараш ҷонибдори рушди бештари ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳошияи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






