Мусобиқаи кушод миёни журналистон
Душанбе, 02.04.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Аз 10 то 14 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба волейбол бахшида ба 85- солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» байни кормандони воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.
Дар мусобиқа дастаҳои расонаҳои чопию электронӣ имкони иштирок варзиданро доранд.
Мавриди зикр аст, ки рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон аз 5 апрели соли 1930 нашр гардида, имсол аз таъсисёбии он 85 сол пур мегардад. Муассиси ҳафтанома Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буда, дар он матолиби гуногуни хонданибоб аз ҳаёти ҷавонон ба табъ мерасанд. Дар ин бора Наврўз Қурбонов , мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






