Мусобиқаи теннис барои Ҷоми Пойтахт
Душанбе, 25.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Рафрати Абдулҳамид).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мусобиқаи кушод оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон — Душанбе, ки рӯзҳои истироҳат — 25- 26- уми апрел — дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 бахшида шудааст.
Ташкилкунандагони мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе” ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе мебошанд. Дар ин мусобиқа, ки барои бори чорум барпо мегардад, ҳудуди 40 нафар дӯстдори теннис — намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин як зумра вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд.
Мусобиқа аз рӯи як намуд — инфиродӣ сурат мегирад.
Ғолиб ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар, туҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати мобилии «Мегафон” сарфароз мешаванд. Инчунин ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи соли гузашта дӯстдорони теннис — намояндагони шаш кишвар — Тоҷикистон, Русия, Украина, Олмон, Чин ва Ҳиндустон иштирок доштанд. Дар сабқати ниҳоӣ байни мардон Қосим Раҷабмадов (Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон) бар соҳибкори душанбегӣ Шавкат Орифов пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ — Ҷоми Пойтахт-90 сарфароз гашт. Ҷамолиддин Убайдуллоев (Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон) ва Григорий Багдасарян (Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе) ҷойҳои севумро гирифтанд.
Дар сабқати занон Мунаввара Раҳмонова (Ширкати мобилии Tcell) мақоми аввалро касб кард. Мария Никитюк (Сафорати Украина дар Тоҷикистон) ҷойи дувум ва Анастасия Тиссен (Намояндагии Бонки аврупоии рушд дар Тоҷикистон) ҷойи севумро соҳиб шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






