Мусодираи 52 кг ҳашиш ва 2 кг героин
Душанбе,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки бо интиқоли маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ машғул буданд, қатъ гардид.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар се марҳила дар шаҳрҳои Душанбе ва Чкалов чор нафар узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ — ду нафар сокини ВМКБ, як нафарӣ сокинони Душанбе ва Хатлон дастгир гардиданд. Аз онҳо дар ҳаҷми умумӣ маводи нашъаовари ҳашиш дар ҳаҷми 52 кг, героин — 2 килограмм ва 113 ҳаби психотропӣ мусодира гардиданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида ва тафтиш давом дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






