Мусодираи 8 кг героин аз се зан
Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз рӯи усули “таҳвили назоратшаванда” аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек се зан — шаҳрванди Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир гардиданд, ки аз онҳо 8 кг маводи нашъаовари сахтаъсири героин ёфт ва мусодира гардид.
Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои минбаъдаи тафтишотӣ-фаврӣ дар шаҳри Исфара дар хонаи яке аз дастгиршудагон бо истифода аз саги хизматӣ дар махфигоҳ зиёда аз 1 кг героин ёфт гардид.
Бояд зикр намуд, ки ду зани дастгиршуда қаблан барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда буданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






