Мусодираи маводи мухаддир аз ҷониби милитсияи нақлиёт
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар нақлиёт 21 апрел дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вақти азназаргузаронӣ аз дохили борхалтааш 2 кг 420 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Худи ҳамин рӯз, аз ҷониби кормандони милитсия зимни як амалиёти махсус марди 40-солаи сокини ноҳияи Восеъ, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардид, ки дар вақти кофтуков аз дохили борхалтааш 2 кг 660 гр. маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин зимни гузаронидани боз як чорабинии фаврӣ- ҷустуҷӯӣ марди 58-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш 3 кг 870 гр. маводи нашъадори навъи ҳашиш ва 3 кг 610 гр. маводи нашъадори навъи афюн, ки вазни умумиашон 7 кг 480 гр-ро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






