Мувофиқшавии иқтисодиёти ҶТ баъди узвият дар СҶТ
Душанбе,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).- 15 апрел тахти раёсати муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев ҷаласаи васеи гурӯҳи корӣ аз рӯи масоили танзими фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти давлатии ҳокимият аз рӯи ӯхдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат баргузор гардид.
Назар ба хабари Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷараёни ҷаласа зикр шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 «Барномаи мувофиқшавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат» қабул шуда буд. Мақсади асосии қарори мазкур иборат аз фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, тақвияти ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои узви СҶТ, таъмини афзалиятҳои узвият дар СҶТ барои доираи васеи сохибкорону тоҷирон аст.
Ин чорабинӣ дар заминаи Созишномаи дуҷонибаи байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар ҳошияи лоиҳаи минтақавии «Аврупои доманадор: Мусоидат ба тиҷорат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» роҳандозӣ шуд.
Барномаи рушди СММ дар ҳошияи ин ибтикорот ба баланд бардоштани қобилияти кории мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикисон мусоидат карда, саъйу кушишҳоро барои ҳамгироию ҳамкории мушорикон дар амри иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат дасгирӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






