Нақшаи даъват ба aртиш 79% иҷро шуд
Душанбе, 22.04.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Аз оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 22 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин муддат аллакай беш аз 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 5 ноҳияи ВМКБ, се ноҳияи тобеи марказ ва 5 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати хизмати ҳарбӣ баромаданд.
Корманди маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Санавбар Саидзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин радиф иҷрои нақша дар вилояти Суғд 78%, дар ноҳияҳои тобеи марказ 74%, дар ВМКБ 84% ва дар 4 ноҳияҳои пойтахт 58%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар вилояти Хатлон 91% мебошад. Аз оғоз то 20-уми апрели соли 2015 иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 79% баробар аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






