Нақши ДДК дар тайёр намудани мутахассисон назаррас аст
Кӯлоб,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дар тайёр намудани мутахассисон» гузаронида шуд, ки дар он аз тамоми муасисаҳои олии кишвар, марказҳои илмию институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳои кишвар олимону мутахассисон ширкат варзида, маърӯза намуданд.
Меҳмонон бо намоиши дастовардҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва ихтрооту навоварии олимону муҳаққиқони донишгоҳ , ки дар тӯли 70 сол таҳия ва таълиф гардидаанд, шинос шуданд.
Зимни ҷаласаи пленарӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар оид ба зинаҳои тайнамудаи олимону омӯзгорони донишгоҳ дар тӯли 70 соли мавҷудият сухан гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 70-солагии ДДК бинои 7 ошёнаи маъмурию таълимӣ қомат афрохта, ҷиҳати таъминоти техникӣ, баланд бардоштани шароити иқтисодии кормандон ва беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






