Намоишгоҳи плакатҳои тарғиботии солҳои ҶБВ
Душанбе,17.04.2015 (АМИТ «Ховар» Марҳабои Азамат).- 23 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Осорхонаи милии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ботантанаи намоишгоҳи плакати тарғиботии шуравии давраи Ҷангӣ Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Тобишҳои Ғалаба» баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ ба муносибати таҷлили 70- солагии ҷашни Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷангӣ Бузурги Ватанӣ бо ибтикорӣ сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Ҳамкории Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи милии Тоҷикистон ва дастгирии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора аз Намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Назар ба иттилои манбаъ , плакатҳои тарғиботии шӯравӣ иборат аз 50 адад аз давраҳои асосии ҷанги гузашта нақл мекунанд.
Дар чорабинии мазкур иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони кишварҳои ИДМ, Усқуфи Азами калисои шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон Питирим, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, роҳбарияти Шӯроҳои ҷумҳуриявию шаҳрии собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии сарҳадот, Кумитаи умури ҷанговарони интернатсионалист, ҳайати фармондеҳони пойгоҳи низомии 201-и Русия, гурӯҳи «Хотира — 201» Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия, роҳбарони созмонҳои ҳамдиёрони Русия, намояндагони аҳли ҷамъияти шаҳри Душанбе ва васоити ахбори омма дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






