Намоиши филми тоҷикӣ дар Теҳрон
Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Филми “Муаллим” бо коргардонии Носир Саидов -филмсози тоҷик дар ҳошияи сиюсеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷри Эрон дар Пардиси синамоии “Миллат” — и Теҳрон ба намоиш даромад, ки дар он кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон, тоҷикони муқими Теҳрон, алоқамандони синамо ва донишҷӯёни тоҷик ширкат доштанд. Дар нишасти хабарӣ, ки бо ширкати дастандаркорони филм доир гардид, Носир Саидов — коргардони филм зикр намуд, ки достони филм ба замоне рост меояд, ки ҳанӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол набуд ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки муаллим шахсияти муҳим ва обрӯманд дар ҷомеаи тоҷик маҳсуб мешуд, мавзӯи филмро бар асоси он сохтааст. Ба гуфтаи коргардони тоҷик навиштани филмнома 3 сол, филмбардорӣ 45 рӯз ва тадвини он се моҳ тӯл кашид. Н. Саидов аз филмҳои эронӣ тамҷид ба амал овард ва пешниҳод намуд намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, инчунин филмҳои муштарак бо ширкати ҳунармандони ду кишвари ҳамзабон сохта шаванд, ки вуҷуди ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангӣ заминаи муносибе барои ин кор аст. Дар идома тадвингар ва садобардорон низ пиромуни вижагиҳои филм изҳори назар намуданд. Гуфтанист дар ин филм Маҳнози Афшор — бозигари маъруфи эронӣ яке аз нақшҳои асосиро бозӣ намудааст ва бо гӯиши зебои тоҷикӣ суҳбат мекунад, ки хеле ҷаззоб ва ширин аст. Филм бо истиқболи самимии издиҳоми тамошогарон мувоҷеҳ шуд ва лаҳзаҳои ҳассосу дардноки он тамошогаронро амиқан таҳти таъсир қарор дод, зеро дар он саҳнаҳое аз зиндагии як хонаводаи зиёӣ ба намоиш даромад, ки падар ва фарзандон соҳиби пешаи боифтихори муаллимианд ва бо иззату икром нони ҳалоли омӯзгорӣ ба даст меоранд ва аз андак тӯҳмати нобарҷо шикаста мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки чанд сол қабл филми “Нимрӯзи ростин” — и Носир Саидов дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷри Теҳрон ҷоизаи беҳтарин нақши мард ва беҳтарин намоишнома гардид. Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва Комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Эрон баъди анҷоми намоиши филм ба таҳиягарони филм арзи сипос намуда, гуфт, ки синамогарони тоҷик тавонистаанд бо истеъдоди фавқулодаи филмсозӣ ва пардохтан ба мавзӯи муҳими ҷомеа — ҷойгоҳи муаллим ва қадру манзалати ҳунарӣ филмсозии тоҷиконро ба намоиш гузоранд, ки мояи ифтихори тоҷикон аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






