Намоиши китобҳо дар ДМИТ
Душанбе, 10.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси шуъбаи корҳои илмӣ -тадқиқотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дирӯз дар донишкада намоиш ва фурӯши китобҳо доир гардид. Он аз ҷониби Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастрас, шиносоӣ, таблиғу тарғиб ва ба мутолиаи китоб ҷалб намудани донишҷӯён ва дӯстдорони китоб бо адабиёти гуногунсоҳаи тозанашр сурат гирифт.
Ба иттилои ДМИТ дар намоишгоҳ зиёда аз 134 номгӯй китоб, аз қабили адабиёти бадеӣ ва илмӣ, китобҳои бачагона ба фурӯш гузошта шуданд, ки шумораи зиёди донишҷӯён ва устодон аз онҳо баҳраманд гардиданд.
Корхонаи мазкур тасмим гирифтааст, ки моҳе аз 1 то 5 рӯз дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ намоиш ва савдои китобро доир намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






