Намоиши як китоби Восифӣ бахшида ба 530- солагии адиб

Апрель 28, 2015 15:02

Душанбе, 28.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон  24 апрели соли равон Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 530- солагии зодрўзи шоир ва муаррифи форсу тоҷик Зайниддин Маҳмуди Восифӣ намоиши ягона асари илмиву маърифатӣ ва адабии ӯ «Бадоеъ- ул- вақоеъ» баргузор гардид. Ин китоб бо се забон: тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ чоп шудааст. Дар канори он китобчаҳои дигар, ки ба сурати пораҳо аз “Бадоеъ- ул- вақоеъ” дар солҳои гуногун чоп шудаанд, низ гузошта шуданд. 
 Ҳамзамон чанд китоби илмиву таҳқиқотӣ дар бораи рӯзгор ва осори адиби маъруф чоп шуда, аз ҷумла китоби Б. Шарифов «Хусусияти морфологии «Бадоеъ- ул- вақоеъ»- и Восифӣ», С. Айнӣ «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ- ул- вақоеъ», К. Маҷидова «Ақидаҳои педагогии З.М. Восифӣ (қисми 2)» низ дар ин намоиш роҳ ёфтанд.  
Ёдовар бояд шуд, ки Зайниддин Маҳмуди Восифӣ  як симои барҷастаи адабиёти охири асри 15 ва аввали асри 16- и тоҷик ба шумор меравад.  Ў соли 1485 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омада, аз худ мероси  гаронбаҳо боқӣ гузоштааст.  
 Гуфтанист, ки «Бадоеъ- ул- вақоеъ» ягона асари то замони мо расидаи Зайниддин Маҳмуди Восифист, ки дар Тоҷикистон бо хати кириллӣ борҳо чоп шудааст. 
 Аввалин чопи интиқодии он бо шарҳи комили калима ва ибораҳои душворфаҳми он ва тарҷумаи ҳоли адиб аз ҷониби устод Садриддин Айнӣ сурат гирифта буд. Баъдан нашри муфассалтари онро академик Болдирев анҷом дод.  
Китоб аз силсилаҳикоёте иборат аст, ки ҳар кадом арзиши як достонро дорад.   

Апрель 28, 2015 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад