Намоишнома дар асоси ашъори Умари Хайём
Душанбе,15.04.2015 (АМИТ «Ховар» Марҳабои Азамат).- Бо ибтикори сафорати ҶТ дар ФР дар Хонаи миллатҳои шаҳри Маскав нахустнамоиши намоишномаи «Рози кӯзаҳо» баргузор гардид, ки коргардону таҳиягари он Раҳмон Одинаев мебошад.
Назар ба иттилои манбаъ, нақшҳоро дар намоишнома донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи фарҳангу санъати шаҳри Маскав иҷро намудаанд.
Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов зимни суханрониаш ба актёрони тоҷик барои иҷрои нақшҳо дар намоишномаи шавқангез, ки дар асоси фарҳангу адабиёти бостонии халқи тоҷик ва ашъори Умари Хайёми бузург эҷод шудааст, изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо обрӯ ва манзалати миллату давлати тоҷиконро дар муҳити фарҳангии Русия баланд мебардоранд.
Дар ин бора намояндаи расмии сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






