Нашри «Таърихи нофеъ»-и Умари Шерхон
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ «Ховар» Назири Назир).- Ба наздикӣ матбааи «Шарқи озод» бо дастгирии Ёқуб Борон Исмоилзода асари таърихии Муҳаммадалӣ ибни Муҳаммад Саиди Балҷувониро бо номи «Таърихи нофеъ» бо баргардонии Ибодуллоҳ Оқилпур, муҳаррири масъул, нависанда ва рўзноманигори шинохта Умари Шерхон аз чоп баровард.
Китоби «Таърихи нофеъ» -и Муҳаммадалӣ ибни Муҳаммад Саиди Балҷувонӣ (1860 — 1930) аз рўзгор ва тарзи давлатдории аморати Бухоро далоил ва арқоми тозаеро, ки дар ҳеҷ таърих зикр нагардидаанд, баён намуда, таҳаввулоти ҷиддиеро, ки пас аз ҳамроҳ шудани Бухоро бо Русияи подшоҳӣ дар ин сарзамин ба вуқўъ пайвастааст, нишон медиҳад.
Муаллиф дар чанд нукта аз тарзи давлатдории амирон, ки ба мардум зулму ситами бераҳмона карда, андозҳои вазнин меситониданд, ёдовар шуда, зикр менамояд, ки деҳқонон, ки дар заминҳои давлативу хусусӣ заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хироҷҳои миёншикани ҳархела супорида, доимо қарздору торафт бештару бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд.
Вазъияти деҳқонони чоряккор, ки барои қисми ночизи ҳосил дар замини бойҳо кор мекарданд, хеле вазнин буд. Тарзи муносибати ѓуломдорӣ вуҷуд дошта, он танҳо баъди ба Русия ҳамроҳ шудани аморат бекор мегардад. Зулму ситами бераҳмона, андозҳои вазнин тез-тез боиси шўришу исёнҳо дар Бухоро, Самарқанд ва дигар билодҳои аморат мегардид.
Муаллиф ҳамчун иштирокчии бевоситаи ҳодисоти ахири аморати Бухоро тавонистааст тамоми лаҳзаҳои ҳукумати амирони манғитро аз рўи дидаҳову шунидаҳояш тасвир намояд. Махсусан тарзи идории асримиёнагии давлат аз тарафи амирони Бухоро, ки баъдан норозигии мардумро ба вуҷуд оварда, боиси сарнагун гаштани аморат гардид, худ баёнгари зулму истибдоди амирони Бухоро буд.
Таъсири пурзўри рўҳониёни иртиҷоъпараст ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти халқ ба инкишофу тараққии илму санъат таъсири манфӣ мерасонд ва маданияти ин давраро ба таназзул оварда буд.
Оқибат амир Олимхони мағлубшуда аз Бухоро фирор намуда, ба мулки Ҳисор, сипас ба Қурғонтеппа рафт ва дар шаҳри Хонободи Афғонистон қарор гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






