Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Вазорати мудофиа
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Масоили вобаста ба баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, тақвияти сатҳи омодагии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ин замина пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ аз талаби доимӣ ва қотеъонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, ба ин масоил аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат корҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Ҳафтаи гузашта дар толори Вазорати мудофиаи кишвар вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомад доир гардид.
Сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати дифоъ доир ба ташкили сатҳи тайёрии ҷангии ҷузъу томҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таъмин ва беҳдошти шароитҳои рӯзмараи хизмативу маишӣ ва дигар масоили марбут ба фаъолияти соҳаҳои мухталифи ин ниҳоди қудратиро таҳлилу баррасӣ намуда, бо пешниҳоди мушаххас ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ барои таъмини амнияти давлат доимо омода бошад ва баҳри пешгириву ошкор намудани ҳар гуна қонунвайронкуниҳо, бахусус ҷиноятҳои коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар аъмоли ношоиста аз тамоми воситаҳои қонунӣ самаранок истифода намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






