Натиҷагирии семоҳаи соли равон дар назди Сарвазир
Душанбе, 16.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар семоҳаи аввали соли равон ҷаласаи корӣ доир гардид.
Оид ба дастоварду пешравиҳо ва мушкилоту норасоиҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар моҳхои январ-марти соли равон бо маълумоти муфассал вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода гузориш дод.
Тавре ки таъкид гардид, новобаста аз таъсири манфии ҳолати ноустувори иқтисодиёти кишварҳои шарики Тоҷикистон ва дигар омилҳои берунӣ дар ин давра, маҷмўи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 5,3 фоиз баробар гардид. Ин афзоиш асосан аз ҳисоби рушди устувори соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва гардиши савдои чакана, ки мутаносибан 16,3 %, 5,3 % ва 10,7 %-ро ташкил медиҳад, таъмин гардидааст.
Дар муҳокимаи натиҷаҳои рушди семоҳаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои саноат ва технологияҳои нав, молия, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, роҳбарият ва масъулони бонки миллӣ, кумитаи андоз, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Сарвазири мамлакат барои таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ва андоз, истифодаи самараноки маблағҳои буҷет, таъмини саривақтии маош ва нафақа ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






