«Навойи Кибриё» омад
Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Нашриёти «Адиб» куллиёти ашъори шоири шаҳир Туғрали Аҳрориро таҳти унвони «Навойи Кибриё» ба нашр расонид. Китоб бо кӯшишу тавзеҳи муҳаққиқ Асрори Раҳмонфар ва нависанда, пажӯҳишгар Мирзо Шукурзода ба зевари табъ омадааст.
Куллиёт ба муносибати ҷашни 150-солагии Туғрали Аҳрорӣ чоп шудааст. Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз охирин классикони адабиёти тоҷик ба шумор рафта, дар ибтидои ҳуҷуми Русия ба хоки Осиёи Марказӣ ба хидмати армияи Русия гузашта, аз тарафи қумандонаш кушта мешавад. Ва ӯро то солҳои 60-ум ҳамчун «душмани халқ» мепиндоштанд. Ибтидои солҳои 60-ум бо кӯшиши нависанда ва муҳаққиқ марҳум Ҳабибулло Назаров, ки дар вазифаи Суди олӣ ифои вазифа мекард, Туғрал «сафед» карда шуд. Соли 1964 аввалин «Мунтахаби ашъори Туғрал» зери назари Носирҷон Маъсумӣ таҳия гардид. Аммо чуноне таҳқиқоти баъдӣ нишон доданд, он мунтахаб фарогири ҳамаи ашъори Туғрал набуд. Дар солҳои баъдӣ низ ашъори Туғрал чоп шудаанд.
Куллиёти «Навойи кибриё» нисбатан мукаммалтар буда, ҳамаи ашъори Туғралро, ки то имрӯз ба даст расидааст, фаро гирифтааст. Куллиёт аз сарсухани Асрори Раҳмонфар, ғазалиёт, мустазод, қасоид, маснавиёт, муқаттаъот, мухаммасот, мусаддасот, мусамман, рубоиёт ва дубайтиҳои Туғарал иборат аст.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






