«Навруста»-умеди нав дар ҷодаи тарҷума
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Нахустин шумораи маҷаллаи «Навруста», ки муассиси он Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, интишор гардид. Мебояд гуфт, ки дар маърифатгоҳи мазкур ҳафт забон омӯзонида мешавад ва ҳадаф аз таъсиси ин маҷалла эҳёи мактаби тарҷумонист.
Тавре ки котиби матбуоти ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, мақсади асосии маҷалла аз он аст, ки хонандагони худро бештару беҳтар бо хусусиятҳои тарҷумаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ошно сохта, ҳамзамон, баргузидаи назму насри ҷаҳон, қиссаву ривоят, панду андарз, зарбулмасалу мақол ва дигар офаридаҳои бадеии оламиёнро бо тарҷума аз забони асл ба хонандагони тоҷик муаррифӣ намояд.
Ҳамчунин, дар маҷалла маводҳое ба дасти чоп мерасанд, ки онҳо аз таҷрибаи тарҷумонии устодони соҳибмактаб, аз ташаккули мактаби тарҷумонии адабиёти тоҷик ва марҳалаҳои рушду такомули он паём мерасонанд.
Шумораи аввал бо пешсухани Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид таҳти унвони «Фаслномаи умедҳои нав» оғоз мегардад. Мавсуф умед бар он баста, ки «тавассути ин маҷалла қадамҳои нахустин дар эҳёи мактаби тарҷума гузошта хоҳад шуд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳафт забон омӯзонида мешавад ва дар ин замина якуним ҳазор ҷавон таҳсил менамоянд. Аз ин миён сабзидани 15-20 тарҷумони касбӣ, ки аз эҳтимол дур нест, барои фарҳанги миллати мо басо пурманфиат хоҳад буд».
Дар маҷалла маводҳо аз Артур Кристенсен дар тарҷумаи Жолаи Омӯзгор ва Аҳмади Тафаззулӣ, аз Габриел Гарсиа Маркес дар тарҷумаи Аҳмади Гулшерӣ, аз Ярослав Смеляков дар тарҷумаи Аскар Ҳаким, аз Федор Иванович Тютчев дар тарҷумаи Фарзона, аз Галлиоп Сафаёллу дар тарҷумаи донишҷӯ Ардамеҳр Ашӯров, аз Ҷована Ровлинг дар тарҷумаи донишҷӯ Нигора Шукурова, аз Флора Анни Стил дар тарҷумаи донишҷӯ Гулноз Акрамова ва ғайра интишор шудаанд.
Ҳамзамон, мебояд зикр кард, ки муқова ва ду саҳифаи дохили маҷалларо расмҳои наққоши маъруфи тоҷик Зокир Собиров, ки дар равияҳои параллелизм ва материализм кашида шудаанд, оро мебахшанд. Маҷалла пурра ранга ва бо сифати баланд ба табъ расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






