Нигаронии раиси Парлумон
Душанбе, 8.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 8 апрел дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии Парлумони мамлакат аз иштирок накардани бархе аз роҳбарони аввали вазорату идораҳои кишвар дар кори иҷлосияи Маҷлиси намояндагон изҳори нигаронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки бояд роҳбарони аввали вазорату идораҳои мамлакат дар баррасӣ ва қабули масъалаҳое, ки ба соҳаи онҳо нигаронида шудааст, дар ҷаласаҳои Парлумон иштирок намоянд. Танҳо бо сабаби узрнок- ин супориши Сарвари давлат ё баргузории ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат, ки дар ин сурат роҳбарони аввали вазорату идораҳо имкони иштирок дар ҷаласаҳои Парлумонро надоранд. Дигар сабабҳо бояд дар мавриди иштироки вазирону раисҳо дар кори ҷаласаҳои Парлумон вуҷуд надошта бошад, гуфт бо исрор раиси Парлумон.
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки имрӯз мебоист дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Парлумон се роҳбари аввали вазоратҳо-вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазири молияи кишвар иштирок мекарданд. «Субҳ вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо сабаби кори фаврӣ ва таъҷилӣ доштанашон занг зада, аз раиси Парлумон иҷозат гирифтанд ва гуфтанд, ки ба ҷои онҳо муовинонашон ширкат намуда, масъалаҳоро баррасӣ менамоянд. Аммо вазири молия ба Парлумон ягон хабар нафиристодааст», афзуд. Ш. Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба намояндаи ваколатдори Президенти кишвар дар Парлумони мамлакат Ҷумъахон Давлатов рӯ оварда гуфт, ки ин масъала минбаъд зери назорат гирифта шавад. Зикр шуд, ки минбаъд масъалаи даъвати роҳбарони аввали вазорату идораҳои мамлакат ба ҷаласаҳои Парлумон ва бо сабабҳои узрнок иштирок накардани онҳо дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ба зиммаи муовинони раиси Маҷлиси намояндагон вогузор шавад. Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки дар сурати дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иштирок накардани роҳбарони аввали вазорату идораҳои кишвар масъалаи пешниҳодшаванда баррасӣ нагардида, аз рӯзномаи иҷлосия хориҷ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми раиси Маҷлиси намояндагон рисону вазиронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки аз худ масъулияти бештар дарк карда, дар баррасӣ ва қабули қонунҳо, ки аз сӯи Ҳукумати мамлакат ба Парлумон ироа мегарданд, фаъолона ширкат варзанд ва ҷиҳати рушду ояндаи кишвар бетафовутӣ зоҳир накунанд.








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






