Нозирони тоҷик озими Қазоқистон мегарданд
Душанбе, 23.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо намояндагони Тоҷикистон ба Қазоқистон мераванд. Онҳо ба ҳайси нозирони кӯтоҳмуддат дар ҳайати нозирони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ҷараёни баргузории интихоботи ғайринавбатии президентиро дар Қазоқистон, ки 26 апрел доир мегардад, мушоҳида менамоянд.
Аз Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар /КМИР/ ба АМИТ «Ховар иттилоъ доданд, ки дар ҳайати нозирони тоҷик Муҳаммадборон Зоиров, узви КМИР, Парвина Расулова- ёвари раиси КМИР, Абдуллоҷон Нормуҳаммадов-мутахассиси КМИР ва Абдулло Холиқов -раиси кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маъдан ва металлургияи Тоҷикистон «Тоҷикметал» шомиланд.
Инчунин ду вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ -Ҷамшед Саидов ва Ҷаббор Ахмедов ба ҳайси нозир дар ҳайати нозирони Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раванди баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро дар Қазоқистон мушоҳида хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






