Оғози ҳафтаи илм
Душанбе, 25.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Оғози ҳафтаи илм дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) 24 апрел бо гузаронидани конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба Соли оила ибтидо гирифт.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ректори донишкада Ашурбой Солиев иброз дошт, ки мақсади асосии дурнамои рушди иқтисод дар асоси илму маориф- ин сохтани давлати тамаддунофар ва соҳибистиқлол мебошад, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ, баланд бардоштани маърифати инсонӣ ва ғурури миллӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳӣ мебошад. Рушди иқтисод дар асоси илму маориф дар замони муосир барои Тоҷикистон метавонад модел ва ё ин ки қолаби тараққиёти иқтисодиёти мамлакат бошад, зеро асоси дурнамои рушди иқтисод ба миён овардани шароит барои гузаштан ба иқтисоди тараққикарда дар асоси стратегияи рушди саноатӣ ва инноватсионӣ мебошад, гуфт мавсуф ва ба кори конфронс муваффақият хост.
Дар ҷаласа сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Обидҷон Маҳмудзода иштирок намуда, ба ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ будани мавзӯи маърӯзаҳои илмии ҳайати профессорону устодони донишкадаро махсус зикр кард.
Профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии ДМИТ Фазлиддин Мирзоаҳмедов дар мавзӯи «Модели байнисоҳавии Леонтйев дар таҳлили макроиқтисодӣ», устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Убайдулло Сабуров дар мавзӯи «Оила: омилҳои бунёд ва мустаҳкамии он», Ҳилола Шукурова, донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Оила ва масъулияти ҷавонон дар бунёди он» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Кори конфронс дар 10 бахш идома ёфта, дар он устодон, магистрантон ва донишҷӯён бо маърузаҳои илмӣ масъалаҳои доғи рӯзро мавриди баҳсҳои илмӣ қарор доданд ва дар айни замон ҳамаи мақолаҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби ҳайати таҳририя мавриди омӯзиш ва таҳрир қарор дода шуда, дар маҷмӯаи мақолаҳои конфронси илмӣ-амалӣ чоп хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






