Оғози боздиди Президент аз ноҳияи Темурмалик

Апрель 23, 2015 07:46

 
Душанбе, 23.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон дар марзи маъмурии ноҳияи Темурмалик оғоз ёфт.
Сари роҳ ба боғи нави Дӯстӣ, ки ба тариқи ҳашари умумӣ дар майдони 8 га замин бунёд ёфтааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ниҳолҳои беҳтарин навъҳои содиротии зардолу, олу, олуболу, гелос, бодом, панҷ навъ себ ва чормағз шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ зикр гардид, ки тайи 10 соли охир дар ноҳияи Темурмалик майдони боғҳои нав аз 320 гектар ба 890 гектар расонида шуда, танҳо дар се моҳи соли равон дар 126 га боғҳои нав бунёд ёфтааст.
Дар як гӯшаи боғ ҳамчунин 40 оилаи замбури асал ҷойгир шудааст, ки барои гардолудкунии гулҳои боғ мусоидат мекунанд ва ҳам манбаи иловагии даромад аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки имконоти ноҳияи Темурмалик барои боз ҳам зиёд кардани майдони боғу токзор, аз ҷумла афзоиш додани истеҳсоли меваҳои содиротӣ ва ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле зиёд аст ва ин имконот бояд пурсамар истифода шаванд.
Бо пешниҳод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамин ҷо як чойхонаи сарироҳӣ ҳам бунёд ёбад, зеро мавзеи барои боғ интихобшуда хеле зебою дилнишин аст.
Дар сари роҳи ин мавзеъ ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои бахши чорводорӣ ва техникаи кишоварзии ноҳияи Темурмалик ороста шуда буд. Чунонки зикр гардид, ноҳияи Темурмалик дар таъмини талаботи бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти чорво, аз ҷумла гӯшту шир ва пашму пӯст ва ҳам ғалладона, меваю сабзавот ва асали табиӣ нақши намоён дорад.
Чунонки аён гардид, чорводорони ноҳия солҳои охир ба хушзоткунии чорво таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд ва саршумори чорвои хушзоти сермаҳсул сол аз сол афзун мегардад.
Чунонки иттилоъ доданд, маркази идораи лоиҳаи инвеститсионии рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ва дигар сохторҳои давлатию соҳибкорӣ дар дастрас кардани техникаи нави кишоварзӣ саҳми намоён мегузоранд.
Дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара-Кангуртро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, роҳи мошингарди Данғара-Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шудааст ва дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард.
Мардуми деҳаи Фалҳобод ва дигар деҳоти атроф аз сохта шудани пули мошингузар дар болои рӯди Оби Тоҳир басо шоду сипосгузоранд, зеро онҳо то ин вақт аз надоштани роҳи мошин, хусусан дар мавсими борогарию обхезӣ, бисёр танқисӣ мекашидаанд.
Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26-километраи мошингарди Кангурт – Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт — Темурмалик — деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Апрель 23, 2015 07:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!