Оғози кишти пахта дар Кӯлоб
Кӯлоб, 8.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар натиҷаи гарм шудани ҳаво ва фароҳам омадани шароити мусоид барои кишту кори баҳорӣ дар ноҳияи Кӯлоб яке аз аввалинҳо шуда кооперативи истеҳсолии ба номи Мадином Ибронови ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоб ба кишти пунба оғоз намуд.
Саҳмдорони хоҷагии мазкур дар соҳаи пахтакорӣ таҷрибаи хуб дорад ва новобаста ба номусоидии обу ҳавои солҳои гузашта иҷрои нақшаи дурнаморо таъмин намуданд. Имсол онҳо мақсад доранд, ки майдони кишти пахтаро васеъ намоянд.
Дар айни замон бо ҷалби техникаи кишоварзӣ саҳмдорон ба кишти пунба оғоз намуда, барои рӯёнидани ҳосили фаровон навъи беҳтарини пунбаи ба шароити иқлими минтақа мувофиқро интихоб кардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






