Оғози корҳои мумфаршкунӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 6.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд бо фарорасии фасли баҳор ва мусоид гаштани вазъи ҳаво корҳои мумфаршкунии роҳҳо оғоз ёфтанд. Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ чанде пеш кормандони Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои ш.Хуҷанд корҳои қирпӯш намудани роҳҳоро аз қисми шимолу ғарбии шаҳр, дар хиёбони Садриддин Айни аз назди гардиши бинои асосии таълимии ДДХ ба номи Б.Ғафуров то парки троллейбусии шаҳр, ки қариб чанд сол боз таъмир нашуда буд, оғоз намуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” муовини раиси шаҳри Хуҷанд Мирзомуқим Очилзода иттилоъ дод, гарчанд корҳои мумфаршкунии роҳҳо дар миқёси шаҳр аз нимаи моҳи март ибтидо ёфта бошанд ҳам, вале корҳои асосии таъмир дар ин самт шурӯъ аз моҳи апрел оғоз мешаванд. Таъмиру барқарорсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ба манзури иҷрои дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди ободонии роҳҳои ҳудуди шаҳри иҷро мешаванд. Соли равон тибқи нақша дар шаҳри Хуҷанд таъмиру барқарорсозии ва қирпӯшкунии 100 километр роҳҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки бо ин мақсад аз буҷаи шаҳрӣ 1 млн сомонӣ ҷудо шуда, ҳоло 189 тонна битум харид шудааст.
Ба гуфти манбаъ, дар соли ҷадид аз ҷумла, тибқи нақшаи таъмири мумфаршкунӣ танҳо аз ҷониби Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои Хуҷанд наздик ба 30 кӯчаи ташрифотиву маҳаллӣ ба масоҳати 35 км ба ҳисоб гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2014 дар доираи иҷрои барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» дар ҳудуди вилоят 2826,4 км роҳҳои мошингард таъмиру тармим шуд, ин нишондод дар маркази вилоят ба 96,8 км баробар буда, аз он дар масоҳати 43,7 км таъмири асосӣ гузаронида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






