Оғози сафари расмии Э. Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея
Душанбе, 10.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ворид шуд.Дар фурӯдгоҳи шаҳри Тегу Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.Тайи рӯзҳои сафар мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе баргузор шуда, дар фароварди он як зумра санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.Мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раиси Парлумони ин кишвар Чун Ой Хуа ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дар назар аст.Дар форуми 7-уми ҷаҳонии об Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.Дар шаҳри Сеул бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ меёбад. Ин амал бозгӯй аз оғози марҳилаи сифатан нави муносиботи Тоҷикистону Корея хоҳад буд.Ҳамчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар Корея таҳсилкунанда дар назар аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






