Оила — қалъаи амнияти ҷомеа
Душанбе, 16.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба эълон гардидани соли 2015 — Соли оила бо ибтикори факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ 15 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили тарбиявию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он шоира Меҳринисо Бобобекова, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва ғолиби озмуни «Оилаи беҳтарин» дар ноҳияи Сино- оилаи намунавии Саидалиевҳо ҳузур доштанд.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева дар маҳфил ректори донишкада Ашурбой Солиев зикр намуд, ки дар оилаи тоҷик ҳурмату эҳтироми калонсолон ин анъана аст. Бинобар ин, новобаста аз он ки дар иҳотаи буҳронҳои молиявӣ қарор дорем ва новобаста аз ҷаҳонишавӣ ва вазъи ногувори ҷаҳонӣ мо иззату икроми калонсолон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва оилавиро бояд ба ҷо орем.
Шоира Меҳринисо иброз дошт, ки нахустин гоме, ки одамон барои ваҳдат ниҳоданд, ин бунёди оила буд. Оила ин қалъаи амнияти ҳар як ҷомеа буда, суботи ҷомеа аз устувории он вобаста аст. Ҷомеа аз оилае, ки намуна аст, оилае, ки дар маҳал обрўю эҳтиром дорад, оилае, ки фарзандони тарбиядида ва солим дорад, сарчашма мегирад.
Гулдаста Ёқубова, раиси Шўрои занони факултет дар мавзўи «Нақши зан-модар дар ташаккул ва пойдории оила» маърўза кард.
Сарвари хонадони намунавӣ Аловуддин Саидалиев дар бораи муваффақиятҳои фарзандони тарбиянамудаи хеш бо ифтихор сухан карда, афзуд, ки ў соҳиби 6 нафар фарзанд буда, ду нафари онҳо мактаби таҳсилоти ҳамагониро бо медали тилло хатм намуда, яке ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигарӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ шомил шуда, бомуваффақият таҳсили илм доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






