Оила- асоси пойдории давлат ва ҷомеа
Душанбе, 16.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 14 апрел бахшида ба Соли оила таҳти унвони «Оила- асоси пойдории давлат ва ҷомеа» мизи мудаввар доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, варзишгар, ҷоизадори як силсила мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ Мавзуна Чориева, модари чоргоникҳо Гулшан Маҷнунова сухан гуфта, эълон шудани соли 2015-Соли оиларо иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, доир ба аҳамият ва манзалати оилаи солим дар ҷомеа ёдовар шуданд. Зикр гашт, ки оилаи солим рамзи пойдорӣ, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати комили миллати тамаддунофари тоҷик мебошад.
Инчунин устодони донишкада дар мавзўи мазкур сухан гуфта, андешаҳои худро доир ба бунёди оилаи солим баён намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






