Омодагиҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015»
Душанбе, 27.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об баргузор шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҷараёни омодагиҳо ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳими байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Тавре ки таъкид гардид, конфронси мазкур дар партави ташаббусҳои бузурги обӣ ва талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳалли мушкилоти байналмилалии марбут ба об моҳи июни соли равон дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе доир мегардад.Дар кори конфронс иштироки ҳайатҳои бонуфузи кишварҳои гуногуни сайёра, роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо, инчунин роҳбарони ташкилоту созмонҳои муқтадири байналмилалӣ дар назар дошта шуда, дар доираи он ҳамзамон ҷаласаҳои гуногуни сатҳи баланд ва форуму мизҳои мудаввар доир ба масъалаҳои об, аз ҷумла Форуми байналмилалии кўдакон ва об баргузор мегарданд.Дар ҷаласа аъзои кумитаи тадорукот вобаста ба тақвият бахшидани омодагиҳо ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва талошҳои минбаъда бо мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об вазифадор шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






