Омодагии ширкатҳои сайёҳӣ ба намоишгоҳи ITB — Берлин 2015

Апрель 7, 2015 11:24

Душанбе, 07.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои туристии кишвар ҷиҳати омодагӣ ба намоишгоҳи калонтарини туристии дунё ITB — Берлин- 2015 мулоқот кард. 
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни мулоқот масъалаҳои иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи калонтарини туристии дунё:  ITB — Берлин, 2015 ва нақшаҳо барои соли 2016, пешниҳод кардани ҳисоботҳо, мусоидат  ба ҷараёни иҷроиши нақшаи чорабиниҳои ҳукумати мамлакат оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ, иштирок дар ҷараёни навсозии сомонаи интернетии  www.visittajikistan.tj, баргузории Конфронси байналмилалии туристии «Туризми Тоҷикистон: Имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» ва Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси Роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг», ки ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 
Инчунин раиси кумита дар чорабинӣ таҳия ва ташкили 60 хатсайри дохилӣ,  эҳёи туризми мактабӣ ва рушди саёҳатҳои шаҳрӣ, фармоиши раиси кумита «Оид ба санҷиши фаъолияти субъетҳои хоҷагидори соҳаи туризм дар соли 2015» ва натиҷаи фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар самти хизматрасонӣ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, гирифтани раводид ва умуман фаъолияти онҳоро ба баррасӣ гирифт. 
 

Апрель 7, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд