Ошкор гардидани қонунвайронкуниҳо дар самти меҳнат
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати пешгирию бартарафсозии як зумра қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон бевосита мусоидат намуд. Тайи ин давра аз ҷониби мақомоти мазкур 550 санҷиш гузаронида шуд, ки аз он 245 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 153 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 40 адад санҷиш ба масъалаҳои муҳоҷират ва 112 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмӯъ 189 корхонаву муассисаи давлатӣ, 317 корхонаю ташкилоти хусусӣ ва 44 субъекти хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифт.
Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 1764 адад қонунвайронкунӣ (дар се моҳи соли 2014 — 1580 адад) ошкор гардид, ки 813 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 424 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 96 ҳолат ба масълаҳои муҳоҷират ва 431 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






