Ошноии волидон бо шароити таҳсили фарзандон
Душанбе, 16.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва кафедраи суғуртаи факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 14 апрел маҷлиси падару модарон доир гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева декани факултаи мазкур Хуршед Давлатов иброз дошт, ки ин ҷаласа дар партави Паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия нигаронида шудааст.
Мудири кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев волидайнро бо самтҳои фаъолияти кафедра, ихтисоси интихобнамудаи фарзандонашон, шароити таҳсил ва зисти онҳо шинос намуда, дар бораи ҳар як донишҷӯ ба волидайн маълумот дод. Ӯ афзуд, ки барои донишҷӯён тамоми шароитҳо барои таҳсил муҳайёст, танҳо ӯро мебояд, ки дар машғулиятҳо пурра иштирок намуда, аз болои худ кор барад, вале бархе аз толибилмон фориғболӣ карда, ба дарсҳо дер ва бе тайёрӣ меоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






