Озмун: «Фарҳанги оиладории ҷавонон»
Душанбе, 9.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бахшида ба «Соли оила» 14 майи соли 2015 дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Фарҳанги оиладории ҷавонон» гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, озмуни мазкур ба хотири тарғиби фарҳанги оиладорӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии инсонӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, талқини ғояҳои ахлоқиву маънавӣ, завқи зебоипарастии ҷавонон, тарғиби либосҳои миллӣ ва одоби муошират баргузор мегардад.
Озмуни вилоятии «Фарҳанги оиладории ҷавонон» дар ду давр — шаҳриву ноҳиявӣ ва дар сатҳи вилоят гузаронида мешавад. Ба даври дуюми озмун ғолибони даври якум роҳ дода мешаванд. Озмун аз рӯи равияҳои «Фарҳанги оиладорӣ», «Рӯзгордорӣ», «Либоспӯшии миллӣ», «Одоби муошират» ва «Суруди алла» доир гардида, дар он ҷавонписарон ва ҷавондухтарони 18-сола ва оилаҳои ҷавон имкони иштирокро доранд.
Қобили таъкид аст, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон шудааст. Доир намудани озмуни «Фарҳанги оиладории ҷавонон» низ аз Паёми саодатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






